< Конгресси байналмилалии эсперантодонон дар Белосток, 2009

 

на русском языке здесь

Манифести Прагагии
ҷунбиш барои забони
байналмилалии эсперанто

Мо, иштирокчиёни ҳаракати умумиҷаҳонӣ дар роҳи рушду интишори эсперанто, бо ин манифест ба тамоми ҳукуматҳо, муассисаҳои байналмилали ва кулли одамони некирода муроҷиат карда қотеона изҳор менамоем, ки минбаъд низ мутобиқи мақсадҳои дар поён баёншуда амал мекунем ва ба ҳар кас ва ҳар ташкилот пешниход менамоем, ки дар ҳаракати мо ширкат ҷӯянд. Эсперанто, ки лоиҳаи он чун забони ёрирасони байналмилалии муошират соли 1887 ба вуҷуд омада хеле зуд ба сатҳи забони вусъатёфтаи фаъолу фасеҳ расидааст, бештар аз сад сол боз одамонро сарфи назар аз мавҷудияти монеаҳои забонию фарҳангӣ муттаҳид мекунад. Дар ин муддат мақсади ҷонибдорони эсперанто аҳамият ва зарурати худро гум накардааст. На истифодаи оламшумули чандин забонҳои миллӣ, на пешрафти техникӣ дар соҳаи робитаю алоқа, на бунёди усулҳои нави таълими забонҳои хориҷӣ принсипҳои зеринро, ки мо барои сохтори одилона ва босамари муоширати байналмилалӣ асосӣ шумурдем, дар амалия ҷорӣ карда наметавонад.

1. Демократизм

Системаи робита, ки ба яке имтиёзи демократӣ медиҳад, вале аз дигаре солҳо касби имкониятҳои камро тақозо мекунад, дар бунёди хеш демократӣ нест. Гарчанде ки эсперанто чун ҳар забони комил нест, он дар соҳаи мубодилаи байналхалқии забонҳо аз тамоми мухолифони худ хеле бартарӣ дорад. Ба пиндошти мо,нобаробарии забонҳо нобаробариро дар муносибат бо тамоми савияҳо, аз ҷумла дар сатҳи байналмилалӣ ба вуҷуд меорад.
Мо - ҷунбиш ба сӯи муносибатҳои демократӣ ҳастем.

2. Тарбияи фавқулмиллӣ

ҳар кадом забони миллӣ бо фарҳанги муайян ва халқ (халқҳо) пайванд аст. Масалан, касе, ки забони англисиро меомӯзад, роҷеъ ба фарҳанг, ҷуғрофия, сиёсати кишварҳои англисизабон, хусусан ИМА ва Британия Кабир дониш ба даст меорад. Талабае, ки эсперанторо меомӯзад, дар бораи ҷаҳони бесарҳад, ки дар он ҳар як кишвар хонаи хеш тасаввур мешавад, дониш мегирад. Ба пиндошти мо, тарбия тавассути ҳар забони миллӣ бо ҷаҳонбинии муайян иртибот дорад.
Мо - ҷунбиш дар роҳи тарбияи фавқулмиллӣ ҳастем.

3. Самарабахшии таълим

Фақат фоизи ночизи омӯзандагони забони хориҷӣ онро ёд мегиранд. Ба таври комил аз худ кардани забони эсперанто ҳатто бо омӯзиши мустақилона имконпазир аст. Тадқиқотҳои гуногун аҳамияти пропедевтикии эсперанторо барои омӯхтани дигар забонҳо нишон доданд. Эсперанторо чун асоси инкишофи шуури забонии хонанда тавсия мекунанд. Ба пиндошти мо, мураккабии забонҳои миллӣ ҳамеша монеаест барои аксари хонандагон, ки дар роҳи аз худ кардани забони дуюм бешак манфиат хоҳанд бардошт.
Мо - ҷунбиш барои самарабахшии таълими забонҳо ҳастем.

4. Чандзабонӣ

ҷамъияти эсперантодонон яке аз камтарин ҷамъиятҳои забонии умумиҷаҳониест, ки тамоми аъзои он, бе истисно дузабона ё бисёрзабонаанд. ҳар узви ин ҷамъият ба қароре омадааст, ки ғайр аз забони модарӣ ақаллан як забонро дар сатҳи шифоҳиӣ омӯзад. Дар аксар маврид ин ба омӯхтани забонҳои бисёр ва дилбастагӣ ба онҳо, одатан, ба вусъати доираи дониш меорад. Ба фикри мо одамоне, ки ба забонҳои гуногун , бузург ё хурд гуфтугӯ мекунанд, бояд имконияти ҳақиқии омӯхтани забони дуюмро дар сатҳи баланди муошират дошта бошанд.
Мо - ҷунбиш барои ба ихтиёри хавасманди омухтани забон вогузоштани ин имконият ҳастем.

5. Ҳуқуқҳои забонӣ

Интишори нобаробарҳукуқии забонҳо - сарчашмаи доимии фишори забон ва зулми мустакими забон бар ҳақки аксари аҳолии сайёра мебошад. Дар муҳити эсперантодонон ба туфайли тамоюли дутарафа доштан ба созиш одамоне, ки ба забонҳои хурду бузург, расмӣ ва ғайрирасмӣ гуфтугӯ мекунанд, дар сарзамини бетараф вомехӯранд. Чунин мувозинати байни ҳуқукӣ ва масъулияти забонҳо собиқаеро барои инкишоф ва омӯзиши тарзҳои алтернативии бартараф намудани нобаробарии забонҳо ва ҳалли низоъхои забонӣ эҷод кард. Мо чунин мешуморем, ки мавҷудияти номутаносибӣ дар соҳаи истифодаи забонҳо ба кафолати баробарҳуқуқии берун аз вобастагии забон, ки дар бисёр созишномахои байналмилалӣ эълон шудаанд, халал мерасонад.
Мо - ҷунбиш барои баробарҳуқуқии забон ҳастем.

6. Гуногунзабонӣ

Ҳукуматҳои мамлакатҳои гуногун майл доранд, ки гуногунзабониро чун монеаи муошират ва инкишоф шуморанд. Вале барои ҷомеаи эсперантодонон гуногунзабонӣ манбаи доимӣ ва ҷудонопазирӣи сарватмандист. Мутобиқи ин ҳар забон мисли ҳар чизи табиати зинда арзиши мустақил дорад ва ҳимояту дасгириро мехоҳад. Мо чунин мешуморем, ки сиёсати алоқа ва инкишоф, агар он ба эҳтиром ва дастгирии тамоми забонҳо асос ёфта набошад, аксарияти забонҳои оламро ба маҳвшавӣ гирифтор мекунад.
Мо - ҷунбиш барои гуногунзабонием.

7. Озодии инсон

Ҳар як забон ба соҳибони худ имконияти гуфтугӯ байни ҳамдигарро дода барои робита барқарор кардан бо бегоназабонҳо монеа эҷод мекунад. Эсперанто, ки чун воситаи алоқаи байналмилалӣ эҷод шуда буд, яке аз лоиҳахои бузурги воқеан амалкунандаи озодии инсон аст, лоиҳаест, ки ба ҳар кас нигоҳ доштани равобити бо решахои фарҳангӣ ва забониаш гузошта, имконияти дар иттиҳоди инсоният иштирок намуданро медиҳад, вале бо ин маҳдуд намешавад. Мо аминем, ки истифодаи мустаснои забонҳои миллӣ ногузир ба пайдо шудани монеаҳо дар роҳи соҳиб шудани озодии хештангароӣ, робита ва ҳамкорӣ меорад.
Мо - ҷунбиш барои озодии инсон ҳастем.

ш. Прага, июл с. 1996

ба саҳифаи аввал
al la ĉefa paĝo
на главную страницу

Hosted by uCoz