Сӯҳбат бо Жак Мишел Санс
Одамон табиати аҷоиб доранд: яке меомӯзад, дигаре аз пайи сарват меравад, сеюмӣ дар ҷомеа мақом меҷӯяд ва, билохир, нафароне ҳастанд, ки умрро сарфи ҷаҳонгардӣ менамоянд. Ба ин тоифа молу сарват барои осоиши умр аст, на умр барои ҷамъоварии сарвату мол. Ҷаҳонгардон, одатан нафаронеанд, ки мехоҳанд бақои ҷаҳон, мавҷудияти халқу миллатҳо, кишварҳо, табиати инсонҳои ақсои оламро бо чашмони худ бубинанд, бо воситаи тафаккури худ дарк намоянд ва аз натиҷаи сафар баҳра бардоранд. Яке аз чунин нафароне, ки бо аҳли оилааш сайри ақсои оламро вазифаи худ қарор додааст, Жак Мишел Санс мебошад. Чун бо аҳли хонаводааш ба Душанбе расид, тасмим гирифтем бо ӯ мусоҳибае анҷом диҳем ва инак, фишурдаи он пешниҳод мешавад.
Дар бораи худ маълумот диҳед.
Номи ман Жак Мишел, 41-сола мебошам, равоншиносам. Якчанд сол дар Африка ва Афғонистон дар ташкилоти байналмилалии «Табибони бесархад» кор кардам. Ҳамсарам Флоренс 41 сол дорад ва дар хонаи калонсолон кор мекунад. Писарам Закарий, яъне Зокир 12-сола аст, духтаронам Зуҳро-9 сола ва Зелия–6 сола мебошанд.
Сабаби ба сайри олам баромаданатон чист?
Мо аз даврони кӯдакӣ саёҳатро нағз мебинем. Пеш аз ин саёҳати 3-сола, мо якчанд саёҳати кӯтоҳмуддат доштем. Ман ва Флоренс хоҳиш дорем фарзандонамонро бо олами бисёрмазмуну бисёрранга , забонҳо ва ҳалқҳои гуногун шинос кунем.
Дар кадом мамлакатҳои ҷаҳон сафар доштед?
Мо аллакай дар 16 мамлакат меҳмон шудем, ки инҳоянд; Швейсария, Олмон, Лаҳистон, Словакия, Чехия, Австрия, Маҷористон, Руминия, Булгория, Урдун, Сурия, Туркия, Эрон, Туркманистон, Узбекистон ва Тоҷикистон.
Кадоме аз ин мамлакатҳо Шуморо маъқул гардид?
Туркияро чун мамлакати беҳтарин аз бисёр ҷиҳатҳо ба мушоҳида гирифтем.
Шумо якчанд рӯз дар Тоҷикистон будед. Шаҳри Душанбе ба Шумо маъқул шуд?
Тоҷикистон монанди Швейсария кишвари кӯҳистонӣ мебошад. Душанбе ҳам монанди шаҳри худамон Женева мебошад. Душанбе хеле зебо аст. Шояд боз зеботар шавад, зеро дар бисёр минтақаҳои шаҳр корҳои сохтмонӣ босуръат пеш мераванд. Дар маркази шаҳр қасре бино кардаанд ба монанди Қасри Сафед. Хеле ҷолиб аст, ба мо маъқул шуд.
Боз кадом хусусияти мардуми тоҷик ба Шумо маъқул шуд?
Чанд рӯзе, ки дар Душанбе будем, шоҳиди он гардидем, ки тоҷикон меҳнатдӯст ва меҳмондӯстанд. Якчанд масъалаҳои моро аз рӯи ихлосу сипос ва ойини дӯстӣ масъулона хал карданд. Ҳол он ки чунин муносибат дар мамолики Аврупо дида намешавад. Он ҷо на дӯстиву муҳаббат, балки пул нақш мебозад. Албатта, дар шаҳри шумо проблемаҳоеро ҳам мушоҳида кардем, ки ҳалли худро интизоранд. Масалан, об дар берун тамоми шабонарӯз аз қубур мерезад, аммо дар даруни манзилҳо об нест. Роҳҳо ҳам мӯҳтоҷи таъмир ҳастанд.
Боз кадом минтақаҳои Тоҷикистонро тамошо хоҳед кард?
Аз Душанбе ба Боми Ҷаҳон, яъне ба Помир меравем. Дар бораи ин гӯшаи Тоҷикистон бисёр шунидаем, аммо хоҳиши дидан дорем. Баъд ба Ҝирқизистон, Ҝазокистон, Руссия, Муғулистон, Чин ва мамлакатҳои ҷанубу шарқи Осиё хоҳем рафт, аз он ҷо тавассути уқёнус нияти ба Амрико рафтан дорем.
Шумо якчанд забон, аз ҷумла Эсперанторо медонед. Ин забони байналмилалӣ ба Шумо чи кумаке мерасонад?
Бале, дар рафти сафар аз якчанд забон истофода мебарем, амсоли франсавғ, олмонғ, испаниявғ ва англисғ. Аммо забоне, ки бештар аз ҳама ба мо кумак мерасонад ин забони байналмилалии Эсперанто мебошад, зеро Эсперанто робита бо дӯстон дар тамоми ҷаҳон аст. Дар ҳамаи кишварҳое, ки ворид шудем (ғайр аз Сурия, Урдун ва Туркманистон) бо эсперантодонон мулоқот намудем. Бо ёрии онҳо таъриху тамаддуни халкҳоро бештар дарк намудем. Фарзандони мо дар муддати 8 моҳи саёҳат забони Эсперанторо хеле хуб ёд гирифтанд. Дар Душанбе бо эсперантодонони пуртаҷриба шинос шудем ва бо кумаки онҳо якчанд мушкилот сари вақт ҳал шуд.
Нақшаҳои ояндаи Шумо?
Беш аз 2 соли дигар сайр мекунем. Охири соли 2013 ба Женева бармегардем. Баъди баррасии проблемаҳои мавҷуда, шояд дар бораи сафари хатсайри қутби шимолу ҷануби кураи Замин омода гардем. Дар бораи воқеаҳои сайёхатамон, манзараҳои қашангу дилфиреби мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон тавассути сомонаи худ дар шабакаи интернет
www.les1001bornes.ch маълумот мерасонем. Хоҳишмандон метавонанд тавассути он аз ҷараёни сафари мо ба ин ё он мамлакат иттилоъ ёбанд.
Барои сӯҳбат, ташаккур!
Роҳи сафед, муждарасонони сулх!
Мусоҳибон Саидмуроди Хоҷазод ва Фирдавс Шукуров